Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо мақсади дастгирии ҳудуди 40 000 шаҳрвандони осебпазир дар саросари кишвар ба Тоҷикистон ба маблағи 255 600 доллар 75 тонна маҳсулоти ғизоӣ фиристодааст.
Кумаки мазкур аз ҷониби ширкати Breedlove Foods аз Техас ба Тоҷикистон фиристода шуда, аз сабзавот, наск, биринҷ ва дигар маҳсулоти ғизоии аз витамину минералҳо ғанӣ иборат мебошад. Маҳсулоти воридшуда ба 140 муассисаи тиббию иҷтимоӣ, аз ҷумла марказҳои табобати беморони сил, саратон, бемориҳои равонӣ ва паноҳгоҳҳои гурезаҳо тақсим карда мешавад.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Маркази миллии мубориза бар зидди бемории сил ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар раванди тақсими кумаки расидаро назорат хоҳанд кард.