Амрико шурӯъ аз моҳи октябри соли ҷорӣ додани раводидҳои муҳоҷиратии ИМА-ро барои шаҳрвандони Тоҷикистон оғоз мекунад. Дар ин бора сомонаи расмии сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар додааст.
Қаблан барои гирифтани визаи корӣ шаҳрвандони Тоҷикистон бояд ба шаҳри Алма-Атои Қазоқистон сафар мекарданд, вале акнун тоҷиконе, ки нияти ба Амрико ба муҳоҷират рафтанро доранд, метавонанд масъалаҳои марбут ба дарёфти визаи муҳоҷиратиро дар Ватан ҳал намуда, барои гирифтани виза ва тахт кардани дигар ҳуҷҷатҳои лозима ба сафорати ИМА дар Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
“ Ғолибони лотереяи «Грин корт»-и соли 2022 (DV2022) супоридани аризаҳои худро дар шаҳри Алмато то 30 сентябри соли 2022 идома медиҳанд”-модааст дар хабар.
Бахши консулии сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба шаҳрвандони мо хизматрасониҳои гуногунро аз қабилӣ сабти таваллуд дар хориҷа ва додани шиносномаҳо пешниҳод мекунад.
Ҷон Марк Поммершайм, сафири ИМА дар Тоҷикистон гуфтааст, ки «Иёлоти Муттаҳида таърихи тӯлонии қабули муҳоҷиронро аз тамоми ҷаҳон дорад. Бо ин тағйирот вобаста ба расмият даровардани раводид, мо роҳи дарёфти раводиди муҳоҷиратиро барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба талаботҳои гирифтани раводид ҷавобгӯ ҳастанд, осон кардем. Ин пешравии мусбат боз як марҳалаи нави таърихӣ дар тӯли 30 соли муносибатҳои фаъол ва дӯстона байни кишварҳои мост».
Дар соли 2022 Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон 30-юмин солгарди барпо намудани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд.
Бо рушди равобити дуҷониба хизматрасониҳои консулии ИМА васеъ гардиданд. Ҷорӣ намудани хизматрасониҳо марбут ба раводидҳои муҳоҷиратӣ дар Тоҷикистон минбаъд равобити дуҷонибаро бештар таҳким хоҳад дод.