Formula novemver 2024
Амонзода мансаби нав гирифт?
7236

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз вазифа озод карда шуд. Дар ин бора, як манбаъ аз вазорати меҳнат хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, аллакай Гулнора Ҳасанзода ба ҳайси вазири нав муаррифӣ шуд. Ҳасанзода то ин дам директори Агентии омори назди Президент буд.

Аммо, дар ҳамин ҳол, Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президент хабари тағйироти кадриро тасдиқ ё рад накард, балки гуфт, “ҳоло расман фармонҳоро ба даст нагирифтам ва чизе гуфта наметавонем”.

Ба иттиллои сухангӯ, баъди нисфирӯзӣ фармонҳо дар хусуси тағйироти кадрӣ дар сомонаи расмии президент нашр мешаванд ва аз он ҷо метавон фаҳмид, ки киҳо тағйири мансаб кардаанд.

Роҷеъ ба мақоми нави вазир чизе гуфта нашуд ва баъди дастрас шудани маълумоти нав онро нашр мекунем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД