Анас ибни Молик (р) мефармояд, ки Иблиси лаъин ба Худованд арз намуд, ки Худоё, барои инсон хонаеро муқаррар намудӣ, ки дар он зикри туро мекунад, хонаи ман куҷост?
Худованд фармуд:-Ҳаммом хонаи ту аст.
Боз пурсид, ки барои инсон макони маҷлис муқаррар шудааст, барои ман ҷои маҷлис куҷо аст? Худованд фармуд:-Ҷои маҷлиси ту бозор аст…
Шайтон боз пурсид:-Парвардигоро, барои одамизод сухан муқаррар намудї, барои ман ҳам чизе муқаррар кун.
Худованд фармуд:-Дурӯғ гуфтан сухани ту аст.
Шайтон пурсид:-Барои одамизод қосид (хабаррасон) муайян кардї, қосиди ман кист?
Худованд фармуд:-Ҷодугар қосиди ту аст.
Шайтон пурсид:-Барои одамизод китоб муқаррар намудӣ, китоби ман чист?
Худофанд фармуд:-Нақшу нигор ва тасвирҳо.
Шайтон пурсид:-Парвардигоро, барои одамизод шикорро муқаррар намудӣ, шикори ман чист?
Худованд фармуд:-Занон шикори туанд.
Шайтон боз савол кард:-Худовандо, барои одамизод таомро муқаррар намудӣ, таоми ман чист?
Худованд фармуд:-Он таоме, ки бар он номи ман («бисмиллоҳ») ёд карда нашавад, ту дар он шарик мешавӣ… Ҳар чизи масткунанда нӯшокии туст.
Дар китоби «Танбеҳул ғофилин» омадааст, ки ҳазрати Абудардо (р) фармуданд: «Ман аз Набии Акрам (с) шунидам, ки гуфтанд:-Оё бароятон беҳтарин амалро нишон надиҳам, ки назди Парвардигор хеле покиза бошад, дараҷаҳоятонро баланд кунад, бароятон аз садақаи тиллою нуқра беҳтар бошад ва мартабаи он аз ҷиҳод низ баланд бошад? Он амал зикр (ёд)-и Худованд аст». Пас худоро ёд намоед, то шуморо аз шарри шайтон, ки падари кулли гуноҳост, дар паноҳи худ нигоҳ дорад. Абӯҷаъфар (р) мефармояд: «Се амал миёни аъмол сахт аст:
1.Бо худ инсоф намудан (риояи инсоф).
2.Бо бародари худ дар мол некӣ кардан.
3.Зикр (ёд) кардани Худованд». Шахсе, ки ҳамеша инсофро риоя карда ба одамон, хоса ба фарзандони падараш кӯмак мерасонад ва мудом дар ёди худованд буда, ҳамеша зикри Парвардигори хешро менамояд дар ду олам саодатманд хоҳад гашт.