Дар толори намоишии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Модар оид ба нақши занон дар рушди санъати тасвирӣ ҳамоиши идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ректори донишкада Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова, намояндагони Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова, Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, муовинони ректор, мудирони шуъбаву бахшу кафедраҳо, кормандону омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Сироҷиддин Ҷурахонзода занонону бонувони муассисаро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрику муборакбод гуфта, қайд кард, ки дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо занон дар баробари мардон барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёт, хусусан соҳаи маориф ба фаъолияти пурсамар машғуланд ва нақши онҳо дар инкишофи тамаддуни фарҳанги миллӣ басо бузург аст.
Дар идома Наргис Ҳамидова суханронӣ карда, иброз дошт, ки имрӯз занон дар пешбурди соҳаи санъати тасвирӣ фаъолияти шоиста доранд.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор бонувони фаъоли муассиса ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди таълиму тарбия, дастовардҳои шоиста дар озмуну чорабиниҳои гуногун ва бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар охир дастаи ҳунармандони Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова, Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба хотири гиромидошти зан-модар барномаи хуби фарҳангии иборат аз рақсу суруд ва саҳначаҳои тарбиявӣ намоиш доданд.