Дирӯз, 12-уми майи соли ҷорӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳамшираҳои тиббӣ, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 12-уми май таҷлил мегардад, ҳамоиши идона баргузор гашт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар ҳамоиш муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода, сардорони як қатор раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, шарикон оид ба рушд, роҳбарони муассисаи соҳавӣ ва доираи васеи кормандони соҳа иштирок намуданд.
Қобили зикр аст, ки ин санаи муҳим моҳи январи соли 1974 бо ташаббуси Шӯрои байналмилалии ҳамшираҳои тиббӣ (ICN) муқаррар карда шудааст.
Тавре зикр гардидааст, давоми 25 соли охир дар ҷумҳурӣ рушди кори ҳамширагӣ самаранок амалӣ шуда истодааст. Дар самти расонидани кумаки ташкилию методӣ барои кормандони миёнаи тиббии муассисаҳои тандурустии кишвар айни ҳол 1 маркази ҷумҳуриявӣ, 3 маркази вилоятӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва 1 маркази шаҳрии кори ҳамширагӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият карда истодаанд.