Эрон ба дафтари нахуствазири Исроил Бинёмин Нетаняҳу ҳамлаи мушакӣ анҷом додааст. Дар ин бора Раёсати равобити умумии Сипоҳи Эрон хабар медиҳад.
Бино ба иттилои «ИРНА», дафтари қароргоҳи нахуствазири Исроил Бинёмин Нетаняҳу ва қароргоҳи фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии ин кишвар дар пайи ҳамлаи мушакии ногаҳонӣ бо мушакҳои «Хайбар» зарар дидаанд.
Ҳамлаи мушакии Эрон асосан ба маҷмааи ҳукуматии Исроил равона шуда, ҷузъиёти бештар ва натиҷаҳои амалиёт баъдан эълон мешаванд.