Ҳамлагари “Ливерпул” ва тими мунтахаби Португалия Диогу Жота, ки дар Испания дар рухсатӣ қарор дошт, дар садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидааст.
Бино ба иттилои Marca, садама шабона дар музофоти Самора рух додааст. Гуфта мешавад, ки ҳамроҳ бо варзишгари 28-сола бародараш Андре Силва, ки дар “Пенафиел”-и Португалия бозӣ мекард, даргузаштааст. Автомашинаи Lamborghini, ки бародарон савори он будаанд, аз роҳ лағжидаву чаппа шуда, оташ гирифтааст. Мувофиқи маълумоти пешакӣ, сабаби садама метавонад кафидани балони мошин бошад, ки боиси аз даст додани идораи он шудааст.
Тавре зикр мегардад, ҳарду бародар ҷароҳатҳои марговар ва сӯхтагии вазнин бардошта, танҳо баъди санҷиши рақамҳои мошин шахсияти онҳо маълум карда шудааст.
Федератсияи футболи Португалия марги футболбозонро расман тасдиқ карда, ба аҳли оилаашон изҳори тасаллият намудааст. “Мо ду чемпионро аз даст додем. Даргузашти Диогу ва Андре барои футболи Португалия талафоти сангин аст”,- омадааст дар изҳороти федератсия.