Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода аз беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода дидан ба амал овард.
Бино ба иттилои Вазораи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар беморхонаҳои мазкур Абдухолиқ Амирзода аз рафти хизматрасонии тиббии онҳо дидан ба амал оварда, инчунин бо ҷараёни табобати як қатор беморон низ шинос шудааст.
Ҳамзамон, мавсуф бо роҳбарияти беморхонаҳои мазкур ҷараёни омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, аз ҷумла захира кардани маводи сӯзишворӣ ва хӯрока, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, пешгирии фавти модару кӯдак ва дигар масъалаҳои муҳими соҳаро мавриди баррасӣ қарор додааст.
- Ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандон Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба масъулини беморхонаҳои мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дод,- меафзояд манбаъ.