Arzon march 2024
Амир Оляро диду Оминаро фаромӯш кард
25.08.2024
ЗАРРИНА
1358

Салом ба хонандагони азиз! Мехоҳам саргузашти як хеши наздикамонро нақл кунам, то ба дигар ҷавонон, ки ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаниянд, дарси ибрат гардад.

Амир ном ҷиян дорам, ки баъди шаш духтар ба дунё омада, писари яккаву ягонаи оила ва нури чашми падару модараш буд. Волидонаш Амирро бисёр эрка мекарданд ва ҳатто ҷонашонро барои ӯ дареғ намедоштанд, аммо ин бачаи нозпарвард хонданро ҳеҷ ба гардан нагирифт, ки нагирифт.

Хешу табор ҳама насиҳаташ карданд, ки ба ягон донишгоҳи олӣ дохил шавад, вале эркаписар даст афшонда “хондагиҳо чи шуданд” гӯён, азми ба Русия рафтан намуд. Бечора модараш “писарам дар ҳамон ҷо зани рус гирифта моро фаромӯш накунад” гӯён, саросемавор аз паси келинкобӣ шуд.

Ҳамин тавр дар синни 18-солагӣ Амирро зан доданд. Арӯсак Омина ном дошта, мисли гул зебо ва боодобу ҳунарманд буд, вале Амир баъди 40 рӯзи тӯй ду пояшро ба як мӯза андохт, ки ба Русия мардикорӣ меравад, ҳарчанд ҳеҷ ниёзе ба ин кор набуд.

Хулоса, бачаи эрка бо панду насиҳат аз роҳаш нагашт ва падару модараш маҷбур шуданд, ки қарзу қавола карда, барояш чиптаи ҳавопаймо харанд.

Аввалҳо Амир ба хонаашон кам-кам пул равон мекард. Падару модараш аз писари пулёбашон розӣ буданд. Вай дар як сол танҳо як маротиба ба Тоҷикистон меомад ва як моҳ истода дубора ба Русия бармегашт.

Ҳамин тавр дар бадали се-чор сол занаш ду писарчаи дугоник ва як духтарчаи гул барин зеборо ба дунё овард. Падару модари пири Амир ба ҷони набераҳояшон бечора буданд ва намегузоштанд, ки ба пойи кӯдакон хоре халад, вале худи Амир дар Русия бо Оля ном зани рус, ки аз худаш 15-20 сол калон будааст, шинос шуда, оҳиста-оҳиста аз кӯчаи одамгарӣ баромад. Вай дигар на як тин пул мефиристоду на боре занг зада, ҳолу аҳволи падару модар ва зану фарзандонашро пурсон мешуд.

Модари зораш аз ғами бемеҳрии писар ба бемории саратон гирифтор гашт. Хешу табор рақамҳои Амирро пайдо карда ба ӯ занг заданд ва хабари бемории модарашро расонданд, вале писари бераҳм ба аёдати модар низ наомад. Оқибат кампири бечора ҳасрати дидори писари ягонааш дар дил ҷон ба ҷонофарин супурд.

Пас аз чанд моҳи ин ҳодиса Олия ошиқи нав ёфта, Амирро аз хонааш пеш кардааст. Вай аз карда пушаймон шуда ба Ватан баргашт, вале афсӯс, ки мурдаҳоро дубора зинда карда намешавад.

Сарнавишти Амирро ба он хотир нақл кардам, ки ба дигар ҷавонони тоҷик дарси ибрат гардад ва Оляҳои русро дида, Оминаҳои тоҷик-зану фарзандон ва падару модари худро фаромӯш на кунанд!

ЗАРРИНА, аз шаҳри Ҳисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД