Ассалом, дӯстон. Исмамро шартан Амина мегузорам. Ман бо як писарча аз шавҳар, ки Русия рафту зан гирифт ва ҷавоби маро дод, ҷудо шудам.
Баъди 7 соли бешавҳарӣ бо хоҳиши волидайн ба марде аз қишлоқи поини ноҳияамон ба шавҳар баромадам. Ӯ аз занаш ҷудо шуда, як духтару як писарча дорад. Пеш аз никоҳ розӣ буд, ки писарчаи маро ҳамчун фарзанд қабул мекунад. Аммо баъди никоҳ писарамро чашми дидан накарданд дар ин хонадон. Хусуру хушдоман, кӯдакони шавҳарам ва худи ӯ писарчаамро бад диданд. Талаб карданд, ки ӯро ба авлоди падариаш диҳам.
Модарам ӯро бо худ бурд. Аммо дирӯз гуфт, ки ману падарат беморем, писарчаатро гир. Бо шавҳарам, хусуру хушдоманам 3 рӯз аст, ки ҷангу ҷанҷол дорем. Мегӯянд, ки писаратро наёр!
Байни ҷигарпора ва шавҳарам дармондам. Ҳайрону дар изтиробам.
Чӣ кунам?