Чӯпондухтар
Ҷамила мактабро хатм карда, мисли дигар духтарҳои деҳа дарҳол ба шавҳар набаромад.
Талабгоронаш бисёр бошанд ҳам, ба хотири танҳо намондани падари пираш ӯ хоҳиши тамоми хостгорҳоро рад мекард. Падараш ба хотири ӯ дигар зан нагирифта, тамоми ҳаёташро ба тарбияи Ҷамила бахшид, аз ҳамин хотир, духтари баномус намехост дар дами пирӣ падараш танҳо монда, ба ҳар касу нокас зор шавад. Усто-Маннон рамаи калон дошт ва Ҷамила ҳар саҳар бузу гӯсфандонро пешандоз карда, харсавор ба саҳро мерафт. Вай рӯзи дароз аз паси рама медавид ва бар замми ин, боз як хар ҳезум ҷамъ карда меовард. Дигар дугонаҳояш барои худ болиштчаҳои гулдӯзию чодари зардӯзӣ медӯхтанд, вале Ҷамила танҳо дар фикри он буд, ки чӣ тавр аробаи зиндагии худу падарашро ба пеш кашад. Вай ҳар рӯз аз кӯҳ як хар ҳезум оварда мефурӯхт, бар замми ин, барраву бузғолаҳои баҳор тавлид шударо то тирамоҳ нағз бонӣ карда, пеш аз боридани барф ба бозор медаровард. Туфайли заҳмат ва обила дастони духтари баномус ва меҳнатқаринаш Усто-Маннон зиндагии серу пур дошт, аммо...
Ҷамила-буққаро кӣ парронд?
Як саҳар Ҷамила ҳамроҳи бачаҳои деҳа замбӯруғчинӣ рафт. Ҳаво софу беғубор буд, аз ҳамин хотир, онҳо бо худ либосу ҷомаи гарм нагирифта ба кӯҳ баромаданад. Нав ба куҳ расида буданд, ки ҳаво якбора тағйир ёфта, дар осмон абрҳои сиёҳ пайдо шуданд ва тундар ба ғурридан даромада, раъду барқ сар шуд. Лаҳзае нагузашта, чунон борони сел борид, ки замину замон зери об монд. Ҷамила ва бачаҳо дар зери борон замбӯруғ ҷамъ мекарданд. Онҳо нав халтаҳояшонро бо замбӯруғ пур карда буданд, ки балои аз осмон фаромадагӣ барин, ҷангалбони аспсавор пайдо шуд. Ҷамилаю ҳамроҳонаш барои гурехтан фурсат наёфта, аз тарс дар ҷояшон шах шуда монданд. Ҷангалбон онҳоро қамчиншап карда, чунон ҳақоратҳои қабеҳе медод, ки ногуфтанӣ. Ҷамиларо суханони мард сахт оташин карда бошад ҳам, аввал худашро ба даст гирифта, чизе нагуфт, вале вақте ки вай аз пойи писарчаи ҳамсоя гирифта, кӯдакро бардошта ба замин зад, косаи сабраш лабрез гашт. Ин духтари чусту чолок мисли модашери хашмгин бо як ҳамла аз гиребони ҷангалбон дошта, ӯро аз хонаи зин ба замин кашид ва қамчинро аз дасташ кашида гирифта, ҷангалбонро чунон қамчиншап кард, ки доду фиғонаш ба фалак печида дар куҳҳо акси садо дод. “Ёрӣ диҳед, Ҷамила-буққаи девона маро мекушад”,- бо тамоми овоз дод мегуфт ҷангалбон...
Ҷамила аз шиддати қаҳру ғазаб сару рӯйи ҷангалбонро бо қамчин пур аз хун карда, нафаҳмида монд, ки чӣ тавр дар атрофи онҳо як гурӯҳ мардони силоҳдор пайдо шуданд. Яке аз он мардон, ки рафиқи наздики ҷангалбон буд, рост Ҷамиларо ба нишон гирифта, тир холӣ кард ва духтар мисли чанори решагардон гурсосзанон ба замин афтид. Кӯдакон бо дидани ин манзараи хунин ба даҳшат афтида, бо тамоми овоз фиғон кашиданд:
-Ҷамила мурд! Ҷамиларо парронданд. Ҷамила-буққаро куштанд...
Муъҷизаи дуои падар
Хабари Ҷамила-буққаро паррондани ҷангалбонҳо дар як дам ба деҳа расид ва мардум осемасар ба ҷои ҳодиса давиданд. Ҳаққу ҳамсояҳо Ҷамилаи оғуштаи хунро ба бемористон бурданд. Усто-Маннон зор-зор гириста, дастони табибонро бӯсакунон зорию тавалло менамуд, ки духтарашро аз марг наҷот диҳанд, зеро Ҷамила ягона умед ва такягоҳи вай дар ин зиндагии пур аз дарду доғ аст....
Касе боварӣ надошт, ки Ҷамила зинда мемонад, вале Худованд оҳи дил ва зориҳои падари пирашро шуниду пас аз як ҳафта духтар ба худ омада, чашмонашро кушод. Баробари ба ҳуш омадани захмӣ табибон кормандони мақомотро огоҳ намуданд. Бо нишондоди Ҷамилаи сахт захмишуда, нисбати он ду ҷангалбон парванда кушоданд ва баъди анҷоми тафтишот ҳардуро аз озодӣ маҳрум намуданд, аммо...
Дарди бе даво
Бадбахтӣ танҳо намеояд гуфтагӣ барин, баъди аз беморхона баромадани духтараш худи Усто-Маннон ба дарди бедавое гирифтор шуда, аз пойи равон монд. Мӯйсафед на ягон чиз хӯрда метавонист ва на ягон лаҳза ғанаб карда. Вай дар рӯйи бистари беморӣ аз дарди ҷонкоҳ мисли мор ба худ мепечид. Азобҳои падари пирашро дида, Ҷамилаи захмаш ҳанӯз пурра шифо наёфта, миёнашро маҳкам баста, чанд бузу гӯсфандашонро аз рама ҷудо карда, ба бозор бурда фурӯхт ва рӯзи дигар мӯйсафедро ба беморхона бурд. Табибон баъди муоина гуфтанд, ки мӯйсафедро фавран ҷарроҳӣ кардан лозим аст, вагарна ҳолаш боз ҳам бадтар мешавад...
Духтари баномус
Дилаш аз пешомади баде гувоҳӣ медод, вале Ҷамила илоҷи дигар наёфта, ночор ба ҷарроҳӣ розигӣ дод ва забонхат навишт. Табибон муддати се рӯз мӯйсафедро ба ҷарроҳӣ тайёр карданд, вале Усто-Маннон хандон ба утоқи ҷарроҳӣ даромада бошад ҳам, дигар аз он набаромад. Пас аз се соат табибон ҷасади ӯро ба духтараш супурданд. Дилаш ба ҷарроҳӣ тоб наоварда, мӯйсафеди 82- сола дар зери теғи ҷарроҳон ҷон ба ҷонофарин супурда, духтари ягонаашро танҳою бемуттако гузошт.
Ҷамила мурдаи падарашро чунон бо обрӯ ба хок супорид, ки тамоми аҳли деҳа ҳайрон монданд. Пас аз ҷанозаи Усто-Маннон хурду калон таърифи Ҷамиларо карда мегуфтанд: “Қандаша занад, духтар бошад ҳам, аз сад писар беҳтар ба падараш хизмат кард. Худованд ба ҷойи 10 бачаи беномус ба кас якто Ҷамила барин духтар диҳад, беҳтар аст!”
(Идомаашро фардо шаб соати 21-00 интизор бошед)