Аз хурдӣ Рустамро якуним одам мегуфтем. Дар мактаби миёна бо сабаби қади баланд доштанаш ҳамеша дар қатор якум меистод, ҳатто солҳои хизмати аскарӣ ба ӯ меъёри дукаратаи хӯроки аскарро медоданд. Дар кӯча бошад, қариб ҳеҷ кас номашро намегирифт, ҳама ӯро “Дев” мегуфтанд.
Ниҳоят тануманд буд, қади дароз, китфҳои паҳн, каллаи калони гирд, дастони дароз, то ҳадде аз зону поён мешуданд. Баъзан шӯхӣ мекардам, ки ёфтани ту барои ман ягон мушкилӣ надорад, чун аз ду километр дур туро озод дидан мумкин аст.
Ин дафъа ҳам аз дур намоён шуд, то наздик шудан чун ҳарвақта маро бо ханда пешвоз мегирифт. Вақте якдигарро ба оғӯш гирифтем, хоҳиш кард ба боғи наздики хонааш тамошо равем. Хаста, бемадор, ниҳоят ғамгин менамуд. Оҳи чуқуре кашиду нақл кард:
Меҳроб азбаски ягона писарамон буд, баъди як соли хатми мактаб зуд ӯро хонадор кардем. Келин - духтараки деҳотӣ тез ба хона унс гирифт, маро падар гуфта, садо мекард. Хушҳол буд, мегуфт Худо ба ман ду падару модар додааст. Бо шавҳараш мисли филмҳои ҳиндӣ дар кӯча даст ба даст, дар хона сар ба зонуи якдигар мемонданд. Дар ҳафт соли зиндагӣ соҳиби се фарзанд гаштанд. Умар панҷсола, Исо сесола, Алӣ яксола буд. Солҳои охир келин хаста, камгапу хароб гашта буд. Аз ҳамсарам сабаб пурсидам, гуфт аз дарди меъда гоҳе шикоят мекунад, хӯрок намехӯрад. Моҳ ба моҳ дард хурӯҷ мекард. Давоми як сол бечора Меҳроб як пояш дар кору як пояш дар беморхона буд. Даҳ рӯзи охир шабу рӯз дар беморхона монд, келин соати охир хун партофт, хун набуд, пораи ҷигар буд, лахт-лахт меомад, баъди чанде ором гирифту ҷон дод...
Се набера бо мо монд, дунёро чаппагардон карданд, ақрабаки соат дар назарам чаппа тоб мехӯрд, шабу рӯз як шуда буд. Алии яксола соати яки шаб мехест, оча мегуфт, аз ин хона ба он хона оча мекофт. Гирён
таги кӯрпаҳоро мебардошт. Тамоми нӯшу неъматро мебурдам. “Алиҷон, чӣ мехоҳӣ?” мепурсидам, “оча” мегуфт, “чӣ мехӯрӣ”, “оча” мегуфт. Алиҷон аз гиряи зиёд афгор мешуд, ки ин дам Исоҷон бедор мешуд. Соати сеи шаб ӯро пушти сар карда, ба кӯча мебаромадам, болои сарам гирён аллаи оча сар мешуд, бо сад мақом бо сад ғамза, бо сад нолаи кӯдакона, ширин, маҳин оча, оча, оча...
Қариби субҳ ҳамагӣ аз дасту по мемондем, як соат хоб норафта, Алиҷон бедор мешуд, оби чашм аз сатил мерехт, тамом намешуд. Кӯча мебаромадем, духтареро медид “ана оча” мегуфт, “ҳи-ҳи-ҳи, ку оча, ҳи-ҳи-ҳи, шир оча, ҳи-ҳи-ҳи”.
Ман ҳам дар кӯча гоҳе худро маймун мекардам, гоҳе хирс мешудам, гоҳе бо овози саг меҷакидам, ки хушҳол шавад. Домони духтареро дошта “оча” гуфт. Духтар ӯро бардошта, ба оғӯш гирифт, каме ором шуд, чанде пас баланд боз “оча” гуфт, дастони духтарро газида, бо панҷаҳояш ӯро чангол зад. Бӯйи модар дигар аст, оғӯши модар дигар аст. Монда, ки мешуд, хона мегуфт, дар роҳрав ҳамсарамро медидам, ки бо Исоҷон оча мекофт. Бечора занак бо сад найранг, “ана оча, уна оча, ина оча” мегуфт. Баъди солҳо иқрор шуд, ки чанд бор қасди худкушӣ кардааст. Набераҳое, ки бе якдигар нафас намекашиданд, ҳамдигарро чашми дидан надоштанд. Меҳроби падарашон гӯё дар хона набуд, ягон бор тарафаш нимнигоҳе ҳам намекарданд. Ба фикрам дар сурати ҳама қотили модарро медиданд. Мабодо садои пӯшидани дар баланд шавад, “омад, оча омад” гуфта, тарафи дар медавиданд, гашта бо сари хам, нигоҳи бораҳм, нигоҳи оҷиз, нигоҳи нотавон, нигоҳи дармонда, нигоҳи бечора меомаданд. Ҳангоми дафн писари калониаш Умарҷон чанд каф хок болои манзили модараш партофт, оҳи дили мардум ба фалак печид. Шабона медидам, ки хилват аз ҷевони либос куртаи модарашро кашида, таги кӯрпа мекард, онро бӯй мекард, мебӯсид. Умарҷон хомӯш буд, гунг шуда буд, гап намезад. Як саҳар дар сари дастархон ба чашмони ман рост нигоҳ карда, гуфт:
- Бобо, ман медонам, очам дигар намеояд.
- Офарин бачам, бачаи боақл шудаӣ,- гуфтам.
Ҳамин аҳвол як сол давом кард, як соле, ки аз қарн тӯлонитар буд. Ҳама ғам-ғам, ғами беочагӣ дигар ғам. Кӯдак то даҳсолагӣ ҳанӯз ҳам дар батни модар будааст. Ғами кӯдакӣ аз дил меравад, вале нақши он дар чашмон умрҳо мемонад, билхоса ғами беочагӣ, ғами очае, ки бо пистони пур аз шир рафт. Ғам дармон надоштааст, фақат куҳна мешавад. Одамӣ аз ғам намемурдааст, фақат обу адо мешавад.
“Дев”-и ошнои ман, ки дар марги бародаронаш ашк резонда наметавонист, маро ба оғӯш гирифт, талх-талх гириста, дуо дод:
- Худованд асло рӯйи ғамро набинӣ!
Қурбон МУРОДОВ