Formula novemver 2024
Ғами фарзанд модарро нобино кард (ҚИСМИ 1)
1997

Нақли мо дар бораи ҳаёту фаъолияти бонуест, ки замоне гули сари сабади фаъолзанон буд, сари синаашро медали «Барои хизмати шоён» зеб медод. Муаттара Ҳасанова имрўз бо амри тақдир, аз ду дидаи бино маҳрум шудаасту ҷои ҳусну тароваташро ожангу мўйҳои сафед гирифтааст. Ин бону дар маҳаллаи Чуқураки ноҳияи Деваштич зиндагӣ дорад.

Нахустин пайвандгари дилҳо

Падари қаҳрамони мо Муаттара Ҳасанова - Салоҳиддин Ҳасанов, маҷруҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар идораи алоқаи ноҳияи Ғончӣ хаткашон буд. Духтари калониаш Муаттара ба воя расида, Омўзишгоҳи касбию техникии шаҳри Истаравшанро хатм кард. Дар нақша буд, ки коргоҳи фабрикаи трикотажӣ пурра ба истифода дода шавад, хатмкунандагон ба ин даргоҳ ба кор мерафтанд. Ва дар ин байн фабрика ду-се моҳ бекор монд.

Рўзе падар аз сарвари идораи алоқаи ноҳия Облоқул Ҳотамови истаравшанӣ хоҳиши ба кор гирифтани духтарашро кард. Сардор розигӣ дод ва гуфт, ки ӯро дар назди телефонисткаҳо шогирд мегиранд.

Ҳамин тавр, Муаттара пешаи касби дигар карду алоқачӣ шуд. Дар шуъбаи телефону телеграфӣ Галяю Тамара ва Рая ном русзанон кор мекарданд. Муаттара нахустин духтари тоҷик буд, ки дар паҳлуи онҳо ба омўзиши касби нав шуруъ кард. Ин соли 1966 буд. Дар муддати 15 рўз сирру асрори пайвастани алоқаро ба корафтодагон омўхт. Он солҳо сокинон барои пайваст намудани ин ё он коргоҳу шахсони даркорӣ бевосита ба телефонисткаҳо муроҷиат мекарданд.

Баъди Муаттара ба касби телефонисткагӣ Хосият Файзуллоева, Зулфия Саъдуллоева, Мавзунахон Аъзамхонова, Хурсанд Саидмуродова, Хурсандой Умарова ба кор омаданд. Ӯ аз он фахр дорад, ки нахустин тоҷикдухтари “телефонистка” дар ноҳия буд. Пас аз 16 соли кор дар соҳаи алоқа бо медали «Барои хизмати шоён», нишонҳои «Зарбдори меҳнати коммунистӣ», «Ғолиби мусобиқаи сотсиалистӣ», Ифтихорнома ва мукофотпулии ВЛКСМ қадрдонӣ шуд.

Дар ин муддат се фарзандро «ба қавли гадоӣ» ёфта буд ва корҳои рўзгору тарбияи онҳо душвориҳо пеш меовард…

Муаттара аз никоҳи аввалаш ҳафт фарзанд дид, вале табассуму хандаи ягон нафари онҳо насибаш накард. Сабаб дар он буд, ки бо шавҳар риштаи хешутаборӣ доштанд. Аз ин рў, бе ҷангу ҷанҷол аз ҳам ҷудо шуданд. Баъдан бо Шодибой ном ронандаи ҷамъияти матлубот риштаи ҳаёташро баст. Орзую умеди чандинсолаи Муаттара амалӣ гашта буд…

Эгамназар СОҲИБНАЗАРОВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД