arzon replenishment
Ҳамбистарӣ кай иҷозат нест?
1318

 

Мехоҳам бидонам, ки дар кадом шабҳои моҳҳои Исломӣ ҳамбистарӣ ҷоиз нест? Ин нисбати моҳ аст. Ман шунидаам, ки ҳангоми дидани ҳилол (моҳи нав) дар аввали моҳ (мувофиқи ҳадис) ҳамбистарӣ кардан ҷоиз нест. Оё (ғайр аз ин) шаби дигаре низ вуҷуд дорад?

Сарфароз, ш. Панҷакент

Он чизе, ки дар мавриди нораво будани ҳамбистарӣ ҳангоми дидани ҳилол дар аввали моҳ шунидед, ягон асосе надорад. Дар ин бора ягон ҳадисеро намедонем.

Барои мард ҷоиз аст, ки дар ҳар вақт бо ҳамсараш ҳамбистарӣ намояд, магар ин ки яке аз онҳо барои ҳаҷ ё умра эҳром баста бошад ва ё рӯзадор бошад.

Ҳамбистарӣ дар рӯзи рӯза ҳаром аст, на дар шаб. Ҳамчунин дар ҳолати ҳайз ё нифос ҳамбистарӣ ҳаром мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД