Дар Боғи" Куруши Кабир" даври ҷумҳуриявии озмуни "Маҳсулоти қаннодӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир" баргузор гардид.
Бояд гуфт, озмуни мазкур соли шашум аст, ки дар доираи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида мешавад. Ҳадафи асосии озмун муаррифии дастовардҳои соҳаи саноати хӯрокворӣ, хусусан дар самти истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини омодасозии шириниҳои халқи тоҷик, тарғиби эҳтиром ба ҳунари ширинипазӣ, ҳавасмандкунии шаҳрвандон барои сарфакорона ва моҳирона пухтани навъҳои гуногуни шириниҳо ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани тарзу усули пухтани он мебошад.
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, даври дуюм дар сатҳи вилоятҳо ва даври ҷумҳуриявии он дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе аз рӯи се номинатсия ҷамъбаст гардид.
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» дар номинатсияи «Қаннодӣ» Корхонаи қаннодии «Амирӣ» сазовори Диплом ва ҷойи якум, Фабрикаи қаннодии «Ширин» сазовори Диплом ва ҷойи дуюм ва ҶДММ «Муъҷиза» сазовори Диплом ва ҷойи сеюм гардиданд.
Дар номинатсияи «Ҳалвопазӣ» ҳалвопазони шаҳрҳои Ҳисор ва Ваҳдат, дар номинатсияи «Шириниҳои миллӣ ва муосир» қаннодон аз Суғд, Бадахшон ва Хатлон ҷойҳои ифтихориро касб намуданд.