Arzon march 2024
Амакбачаи разил Қисми 1
16.09.2022
ҲИЛОЛА
2088
no-img

 

Саборо занги пайвастаи дар бедор кард, «булбулак» беист чаҳ- чаҳ мезад. Имрӯз рӯзи истироҳат буду Сабо мехост аз хоб сер шавад, субҳи барвақт хеста, намозашро адо карду чанд варақ Қуръон низ хонд ва боз ба бистар даромад.

Кампири модараш ҳамеша таъкидаш мекунад, ки баъди хондани намоз нахобад, аммо ӯ ин таъкиди модарро рӯзи якшанбе мешиканад. Зан дарро кушода, пушти дар ҷавонеро дид, ки дастаи калони сабаргҳои сафед дар баѓал табассум дорад, ҷавон шояд аз дидани хонуми хоболуди халатпӯши парешонмӯй ба ҳайрат афтод, ки мавҷи табассум лабонашро тарк карда гуфт:

-Ин дастагул барои Сабо, ин ҷо даст монеду гиред,-Сабо дастаи гулро гирифта оварда, болои мизи ошхона монда, боз ба бистар даромад, вале хобаш парид…

                           Кӯчаҳои зиндагӣ

Саборо дар айни шукуфоӣ ва нозанинӣ шикастанд, шонздаҳ сол дошт, ки дар як шаб ба кампири ҳафтодсола мубаддал гашт. Падари Сабо мансабдори муваффақе буду шабу рӯз, ҳушу ёдаш банди кори давлат. Модараш хонашин буду кору бори хонадони сермеҳмон дар гарданаш, ӯ ҳамеша сараш хам аз пайи иҷрои вазифаҳои бар душ доштааш буд. Дили Сабо ба ҳоли модараш мисли доѓ месӯхт, ёд надошт, ки ӯ кай аз хоб мехезад ва кай хоб меравад? Модараш зани зебое буд, мисли актрисаҳои кинофилмҳои ҳиндӣ, аммо меҳрубонии падарро ба модараш эҳсос намекард. Гӯё модараш хидматгори даргоҳи падар буд, падараш ҳамагӣ як додар дошт ва бибию бобои падарияш ҳамроҳи ӯ зиндагӣ мекарданд, барои падараш амакаш болотар аз дунё буд. Ҳама гапу корашро бо ӯ маслиҳат мекард, амакаш дар як бонк вазифаи пасте дошта бошад ҳам, бо ёрии падари Сабо хонаҳои боҳашамате сохта буд. Ҳама чизи ба хонаи онҳо меомада ду тақсим буд, қисми зиёдаш ба хонаи амакаш мерафт, зеро он ҷо бибию бобояш зиндагӣ мекарданд. Зани амакаш Гулпоччои танноз ба модари Сабо мисли як хидматгор муносибат мекард. Сабо як бародар дошт, амакаш як писари ба қавли бибияш аз сад мазор талбидагӣ. Самандар эркаю ҷангараю авбошнамо ва аблаҳ буд, бародари Сабо Искандар баръакси писарамакаш хеле боѓурур босавод ва хушахлоқ буд. Сабо мешунид, ки хешу таборон мегуфтанд, Искандар ба модараш рафтааст, бошарафу сарпасту меҳнатӣ. Искандар баъди хатми донишгоҳ ба донишгоҳи ҳавопаймоии Маскав дохил шуд рафт. Сабо бе бародари азизу меҳрубонаш зиқ мешуд, ӯ дар мактаб бо баҳои хубу аъло мехонд ва умед дошт оянда табиб шавад, вале мо дар чӣ хаёлему фалак дар чӣ хаёл, гуфтагӣ барин зиндагӣ пешорӯйи ӯ монеаҳои вазнине овард. Мушкили зиндагии ин нозанини аз сад гулаш як гулаш нашукуфта сӯзанда буд.

                          

                      Шохаи шикаста

Пас аз Маскав рафтани Искандар Самандар, ки дар курси чоруми донишгоҳ мехонд, ба деҳа баргашту аз хонаи амакаш дур намерафт. Аз духтарамаки нозанинаш чашмашро намеканд, ин ҳама аз чашми модари хонадон пинҳон намонду духтарашро таъкид кард, ки аз писарамакаш дур гардад. Сабо гапи модарро гирифт ва ҳар гоҳе Самандар меомад, ӯ зуд ба утоқаш даромада, берун намебаромад. Як рӯз модараш сахт бемор шуд, ӯ таб карда қай мекард, падараш ӯро ба духтур бурду барои ду-се рӯз бистарияш карданд. Сабо рӯзи аввал бо модар монд, рӯзи дуввум ба хона баргашт, ҳолати модараш каме беҳтар шуда буд. Тобистон буду Самандар дар деҳа, духтар хеле монда шуда буду таъкидҳои модарашро аз хотир бароварда, чун Самандар хонаашон омад, чой карда пешаш гузошт. Писарамакаш бо як ташнагӣ сару пои ӯро аз назар гузаронида гуфт:

-Сабо ман туро дӯст медорам ва дар хона маслиҳат кардам, ҳамин ки мактабро тамом кардӣ, хонадор хоҳем шуд,- Сабо бо ҳайрат ба писари амакаш нигариста гуфт:-Ман шуморо мисли як бародар дӯст медорам ва ҳеҷ гоҳ зани шумо нахоҳам шуд.

Ин ҷавоби духтарамаки нозанин ба ҷавони саркаш нафорид ва аз ҷой бархоста, ӯро болои дастон бардошта, ба хонаи хоби падару модараш дароварду…

Самандар баъди анҷоми амали касифаш аз хона бадар рафт ва Сабо дар ҳолати шок то дер ба худ наомад. Баъд хеста, сару танашро шӯсту омадани падарашро интизор шуд, мехост амали нангини писари амакашро ба падараш қисса кунад, аммо чун падараш омад, аз шарм натавонист овозашро барорад. Пас аз як моҳи ин ҳодисаи гӯшношунид янгаашу амакаш ба хостгорӣ омаданд, модараш ризогӣ надод, вале падараш ҳарфи вайро гӯш накарда, Самандару Саборо фотеҳа карданд. Сабои доманбохта сарашро аз замин намебардошт, ӯро аз синфи нӯҳ гирифта, дар синни шонздаҳсолагӣ ба шавҳар доданд. Дар назари духтар на тӯй метофту на хурсандӣ, амаку падараш тӯйи бошукӯҳе ороста, сари онҳоро ҷуфт карданд, вале…

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД