sebiston july new
АМАК ҶИЯН-ДОМОДАШРО КОРДБОРОН КАРД
2866

 

Дар зиндагӣ инсон бо сабру андеша ва таҳаммул метавонад мушкилотро паси сар намояд. Инсон пеш аз ҳама бояд хашму ғазаби худро идора намуда, ақли солимро ба кор барад.

Мутаасифона дар ҷомеаи имрӯзаи мо нафароне пайдо мешаванд, ки қиммати арзишҳои аз қабили эҳтиром ба ҳамдигар, ба оила ва наздиконро аз даст додаанд, ки ин боиси сар задани муноқишаҳо гардида, ҳатто ба ҷиноят оварда мерасонад.
Далели ин гуфтаҳо ҷинояти расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки санаи 18-июли соли равон аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҷайҳун ошкор гардидаааст, мебошад.

Гумонбари ин ҷиноят аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардидаву дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Дар пайи як муноқишаи оилавӣ сокини ноҳияи мазкур Наврӯз Эшматов соли таваллудаш 1947, Муродалӣ Худойназаров соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Ҷ.Балхиро, ки писари бародараш ва ҳам домодаш маҳсуб меёбад, бо корд чанд маротиба ба узвҳои баданаш задааст.

Дар натиҷаи ин кирдор Муродалӣ Худойназаров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун бистарӣ мегардад.
photo_2021-07-22_11-31-36

Айни замон, нисбати гумонбаршуда Эшматов Наврӯз парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодеки ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД