arzon replenishment
Аҳмадзода бо мавзеъҳои оббозӣ шинос шуд
418

Аксари сокинон кўшиш менамоянд, ки дар фасли тобистон  ба рухсатии меҳнатӣ баромада, онро дар мавзеъҳои истироҳатӣ, хусусан дар он ҷойҳое, ки имкони оббозӣ фароҳам оварда шудааст, гузаронанд. Барои истироҳату фароғати шаҳрвандон дар соҳили Сирдарё ҳамасола шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, дар мавсими оббозӣ таъмини бехатарии сокинон дар мадди назари масъулин қарор мегирад.

Тавре ки хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, роҳбарияти вилоят  бо вазъи кунунии мавзеъҳои шиноварӣ дар соҳили дарёи Сир шинос гардида, ба масъулини Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоят ҷиҳати кумаки фаврии шаҳрвандон ва хусусан нафароне, ки ба оббозӣ меоянду аз уҳдаи он намебароянд, дастуру супоришҳо дод.

Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоят дар шаҳри Хуҷанд бо таҷҳизоти муосири зудамал , ки аз ҷониби  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   дастрас шудааст, таъмин мебошад.

Дар ин бахш заврақҳои муҳарикдор, резинӣ, гидросикл, киштҳои  назорати патрулӣ, мошини  махсуси наҷотдиҳӣ, садамавӣ-наҷотдиҳӣ, ғаввосӣ барои корҳои рӯйи обӣ ва зериобӣ мавҷуд буда, ҳамарӯза 10 нафар аз кормандони  ботаҷрибаи ниҳодҳои дахлдор  тибқи нақша фаъолияти навбатдорӣ менамоянд.

Ҳамчунин бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ барои сайёҳат дар баҳр  киштие дастрас мебошад, ки дар як вақт метавонад барои то 20 нафар мизоҷ  хизматрасонӣ намояд.

Роҳбарияти шаҳри Хуҷанд вазифадор шудаанд, ки  корҳои ободонӣ ва  беҳтар намудани шароити маконҳои оббозиро  вусъат бахшида, таҷҳизот барои машқу тамрини  бадан дар минтақаҳои истироҳатиро саривақт ва босифат  барқарор ва барои истироҳати сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд шароити зарурӣ муҳайё намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД