Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба дидорбинии шахсони барӯманд ва собиқадорони меҳнат рафтааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни суҳбат бо Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ, инчунин собиқадорони меҳнат Хосият Зокирова ва Отуной Абдурауфова таъкид гардидааст, ки давлат ва ҳукумат барои дастгирии собиқадорони меҳнат мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ мекунад.
Роҳбари вилоят собиқадоронро бо фарорасии фасли баҳор ва Рӯзи Модар табрик гуфта, аз саҳми арзандаашон дар рушди соҳаҳои гуногун ёдоварӣ кардааст.