arzon replenishment
Ғам шайтонро шоду одамро ба саратон гирифтор месозад?
1052

Падарону бобоёнамон доим таъкид мекарданд, ки барои ягон чиз ғам нахӯред, ҳатто ба мушкилтарин ва вазнинтарин мусибат ҳам, зеро ғаму ғусса, афсӯсу надомат ва гуноҳу хатои худ ва дигаронро бахшида натавонистан касро аз ҳаёт дилсард гардонида, билохира ба бемрӣ мепечонад.

Абдурашид Қайюмзод дар саҳифаи фейсбукии "Аз ҳар зовия" аз Имом Ибни Қаййим (р) чунин овардааст:
"Ғам боиси заиф шудани қалб, суст шудани ирода ва зиён дидани он мешавад. Ҳеҷ чиз барои шайтон хуштар аз ғами мӯъмин нест."

Ғаму ғуссаи зиёд касро рӯҳану ҷисман хаста карда, пеш аз вақт пир мекунад. Маҳз ғамгиниву ошуфтаҳолӣ ва зиёд фикр кардан дар боби мушкилиҳо шахсро ба "стрес" гирифтор месозад ва дар натиҷа аз ғам ғам тавлид шуда, мушкилӣ пайи мушкилӣ ба сараш омадан мегирад.

Оре, беҳуда дар урфият "ғам болои ғам меояд" нагуфтаанд, вақте ки инсон ҳамеша дар ҳоли ғаму дард ва афсурдагию перешонхотирӣ зиндагӣ мекунад, фикри солим дигар ба ӯ даст намедиҳад ва сарриштаи кору бор аз дасташ раҳо шуда, пай дар пай дар ҳама ҷодаҳо хаток ардан мегирад. Ҳамин тавр нкомиҳо ҳамсафари зиндагиаш гашта, дигар қариб дар ягон ҷода муваффақ намешавад. Албатта ҳамаи ин ба саломатии инсон низ бе таъсир намемонад ва оқибат ба ҳолати “стресс” гирифтор шуда, касеро дидан намехоҳад. Дар дили инсони аз ҳаёт дилсард гашта нисбати атрофиён ҳисси бадбинӣ пайдо шуда, ба назараш чунин мерасад, ки ҳамагон нисбати ӯ ва тақдираш бетараф ҳастанд ва ҳатто ба ҳолаш механданд. Дар ин замина дар вуҷуди инсон нисбати ҳама кас ва ҳама чиз дар зиндагӣ нафрат пайдо шуда, худро ҳамеша дар ҳама ҷо танҳо эҳсос мекунад ва касеро ғашарики худ намедонад.

Ӯ фикр мекунад, ки ҳамаи мушкили ва ғаму ғусса танҳо болои сари ӯсту дигарон умре шоду масрур умр ба сар мебаранд. Оқибат ҳамин андешаҳои тақдирсӯз касро ба гирдоби дарду беморӣ кашида, саломатии худро оҳиста-оҳиста аз даст медиҳад...

Як нависандаи амрикоӣ бо номи Луиз Ҳӣ дар китоби "Шифои зиндагӣ" сарчашмаи тамоми бемориҳоро аз ғаму дард дониста мегӯяд:

"Тамоми бемориҳо аз афкор сарчашма мегиранд, яъне афкори носолими инсон бемориҳоро тавлид месозад, масалан:
Саратон аз набахшидани худ ва дигарон хуруҷ мекунад
Касалии қанд ба хотири афсӯси гузаштаҳоро хӯрдан аст
Склероз аз асабонияти тӯлонӣ ва душманию кинаварзист
Сардард аз интиқод аз худ ва тарс сарчашма мегирад
Зуком нишонаи ошуфтагии зеҳнӣ мебошад

Дард гувоҳи ниёз ба муҳаббату оғӯши гарм доштан аст
Фишори хун нишони мушкили отифии дарозмуддате мебошад, ки ҳал нашуда боқӣ мондааст.
Пас бояд зеҳнамонро бишӯем ва ғаму дардро дигар ба дил роҳ надода, худ ва дигаронро бубахшем. Бештар муҳаббат изҳор намуда, камтар аз атрофиёни худ гилаю шикоят кунем. Бештар бихандему шод бошем ва анҷом додани корҳоеро, ки хуб медонем, ҳаргиз аз ӯҳдааш баромада наметавонем, ба Худо биспорем. Худованди меҳрубон ба ҳама чиз қодир аст ва тамоми орзуҳои мову шуморо ҷмаи амал мепӯшонад, агар бахшидани худ ва дигарнро ёд гирифта, ба Аллоҳ такя кунем!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД