sebiston july new
Ҳам дашному ҳам латукуби ҷавони муштзӯр ҷониби зану шавҳар!
29.05.2020
Р. Азимӣ
2870

5 соат пеш дар саҳифаи фейсбукии Абдушахидова Раджабмох наворе пахш карда шуд, ки дар он Баҳром ном ҷавони тақрибан 23-24 сола ҷониби як зан ва шавҳараш дашному ҳақоратҳои қабеҳ карда, онҳоро зери фишори равонӣ қарор медиҳад.

Дида мешавад, ки зан дар аввал бо илтиҷову илтимос мегӯяд, ки субҳи 29 май Судуров Акбар гурӯҳе аз мардикоронро оварда, дарахтони назди хонаи онҳоро бурида, гузаргоҳашонро  вайрону валангор сохта истодааст. Муаллифи навор мегӯяд барои бе иҷозат ба ин кор даст заданашонро пурсон шудем, аммо ҷониби мо фишору таҳдид карда, гуфтаанд, ки ба ҳар ҷое, ки арзу шикоят мекунед кардан гиред аз дастатон коре намеояд. Нафаре, ки ҷониби зан ва шавҳараш фишор меорад, мегӯяд, ки шикоят кунед ҳам, чӣ кор аз дасташон меояд, пул мегиранду мераванд. Зан ҳамчунин дар видео мегӯяд, ки ба чандин мақомотҳо шикоят кардем, вале касе ба додамон намерасад. Ҳатто дар ноҳияи Сино аризаамон истодааст, вале то имрӯз натиҷае надодааст. 

Дар дақиқаи сеюми видео дида мешавад, ки ҷавони тахминан 23-24 сола, ҳам зан ва ҳам шавҳарашро дашномҳои гӯшхарош медиҳад ва тарафи устоҳо амр мекунад, ки дарахтҳоро буред, ман гапзанашро м.... Амали ин ҷавони бадрафтор интиқоди шадиди корбарони шабакаҳои иҷтимоиро  ба бор овард ва онҳо аз мақомотҳои дахлдори кишвар хоҳиши онро карданд, ки сари ин қазия ҳар чӣ зуд тар биандешанд. Зан дар охири навор ҷониби ҷавон хитоб мекунад,ки “Баҳром сари худта мехурӣ, тамоми ҷаҳон ин дашномҳои туро мебинанд”. Ҷавон бо вуҷуди ин ҳама ба тарафи зан ва шавҳараш дашному ҳақораташро идома дода, бо як санги калон ба дили шавҳари зан мезанад. Зан бо гиряву нола мегӯяд, ки “Шавҳарама кушт, мардум! Бо санг ба дилаш зад, ин чӣ рӯз буд, безор шудам аз ин дунё”-гӯён аз духтараш хоҳиш мекунад, ки дадата бар, ки мекушадаш Баҳром. Навор пур аз дашному ҳақорат ва яқин меравд, ки баҳси замин ва дарахтони назди ҳавлигӣ ин ду оиларо бо ҳам душман намудааст. Мақомот то ҳанӯз дар ин бора  шарҳи расмӣ надодааст.

https://www.facebook.com/100041623478072/videos/289343445796436/UzpfSTEwMDA0MTYyMzQ3ODA3MjpWSzoxNTI5MTEyODg3MjYyNDMx/?multi_permalinks=1529056450601408&notif_id=1590728704042439&notif_t=feedback_reaction_generic

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД