Arzon march 2024
Алюкабонд хонаро аз афтоб ва борон муҳофизат мекунад
1339

Алюкабонд - як масолеҳи бинокории бисёрқабатаи замонавӣ буда, асосан аз алюминий сохта мешавад. Масолеҳи алюкабонд як маводи бисёрқабата буда, аз ду варақи алюминий иборат аст ва дар байни онҳо қабатҳои пластикӣ гузошта шудаанд.

Алюкабонд барои пӯшонидани деворҳои беруна, инчунин барои болои дарвоза ва биноҳои баланд истифода мешавад. Онро барои сохтани биноҳои маъмурӣ, хонаҳои истиқоматӣ, корхонаю офисҳо, мағозаю тарабхонаҳо ва иншооти саноатӣ истифода мебаранд.

Алюкабонд аз боришоти зиёди барфу борон нигоҳ медорад ва дар ҳавои гарм хонаи шуморо аз нурҳои офтоб муҳофизат мекунад. Он ба ҳарорати баланду паст тобовар буда, манзили шуморо аз гармою сармо муҳофизат мекунад ва хонаро зебою ҷаззоб нишон медиҳад.

Алюкабондро бо об ва маводи шустушӯйӣ тавассути чуткаҳо шустан мумкин аст.

Панелҳоро дар давоми бисту панҷ сол ҳамчун материали рӯйкаши барои деворҳои берунӣ истифода бурдан мумкин аст, зеро ба оташ тобовар аст. Онро дар биноҳое насб мекунанд, ки талаботи баланди бехатарии сӯхторро доранд.

Алюкабонд аз ҷиҳати эстетикӣ хеле зебою диққатҷалбкунанда буда, ранг ва дизайни гуногун дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД