Як шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон дар садамаи нақлиётӣ дар Русия ҷон бохтааст. Расонаҳои Русия бо такя ба манобеи худ дар ниҳодҳои интизомии ин кишвар гуфтанд, ҳодиса шоми 26-уми феврал дар роҳи Петрозаводск - Санкт-Петербург рух дод, вале аз шаҳрванди Тоҷикистон ном набурданд.
Ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз дар ин замина иттилоъ надодааст. Як манбаи огоҳ дар идораҳои расмии Тоҷикистон гуфт, дар сурати тасдиқи хабар, иттилои пурраро дар ихтиёри матбуот мегузоранд.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Русия навиштанд, ронандаи мошини "Нексия", ки шаҳрванди Тоҷикистон савори он буд, дар шифохона бистарист. Сомонаи "Петрозаводск говорит" навишт, мусофирбари МАЗ ба мошин бурхӯрдааст. "Дар он мусофирбар 19 нафар будаанд, вале касе осеб надидааст", - навишт манбаъ.
Ҳар сол дар Русия садҳо нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои гуногун, ба мисли садамаи нақлиётӣ, фалокат дар сохтмон, маризӣ ва қисме бо марги иҷборӣ, аз ҷумла аз дасти гурӯҳҳои раҳзан ё қавмгаро вафот мекунанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта тобути 300 шаҳрванди кишвар аз Русия ба ватан оварда шуд. Дастикам панҷоҳ тобутро моҳи июни соли гузашта тавассути роҳи заминӣ оварданд. Муҳоҷирон мегӯянд, ба сабаби баста будани марзҳо баъзе аз ҷасадҳоро дар Русия дафн карданд.
Дар гузашта ҳар сол аз 600 то 800 ва бештар аз он тобути муҳоҷиронро ба ватан меоварданд.
Русия мизбони асосии муҳоҷирони кории тоҷик аст. То замони пандемия, онҳо аз Русия солона ба Тоҷикистон бештар аз ду миллиард доллар мефиристоданд, аммо ба иттилои раҳбарияти Бонки Миллӣ, имсол муҳоҷирон 6,3 дарсад камтар пул фиристодаанд.
Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон омори муҳоҷирони тоҷикро дар Русия камтар аз ним миллион нафар мегӯянд, мақомоти Русия ин рақамро бештар аз 1 миллион медонанд. Вазири меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 11-уми феврали имсол сабаби тафовутро шарҳ дод ва гуфт, Тоҷикистон танҳо муҳоҷиронро ҳисоб мекунад, Русия аъзои оилаи онҳоро низ ба шумор мегирад.
МАНБАЪ: ОЗОДӢ