Sebiston new 2024 october
Аллергия: намудҳо ва роҳҳои табобат
788

Аллергия ин вокуниши масъунияти бадан буда, дар ҳолатҳои ногувор ба вуҷуд меояд. Яъне, ҳангоми истеъмоли маводди нодуруст ё дорувориҳои пастсифат метавонад ба вуҷуд ояд.

Аллергия намудҳои зиёд дорад, ба монанди ғизоӣ, доругӣ, аз таъсири газидани ҳашарот, ҳайвон, чангу ғубор, офтоб ва ғайраҳо мебошад.

Таҷрибаҳо нишон додаанд, ки организм дар баъзе ҳолат нисбат ба оддитарин ғизои истеъмолшуда, ба монанди сабзавот, ғизоҳои тезтайёр ва маҳсулоти ширӣ аксуламал нишон диҳад.

Аллергия ё аксуламали организм аз маводди доругӣ, пас аз истеъмоли ин ё он дору ба вуҷуд меояд. Қайд кардан ба маврид аст, ки як номгӯи дору наметавонад ба як гурӯҳ таъсири якхела расонад ва ё безарар бошад. Дар ин сурат бояд эҳтиёткор буд ва дар хонаҳои хеш нӯшдоруҳое, ки зидди алергия ҳастанд ва ҳолатҳои ногуворро ба зудӣ бартараф мекунанд, нигоҳ доштан муфид аст.

Нуқтаи дигар ин аст, ки аллергия танҳо хоси калонсолон набуда, дар кӯдакон низ дида мешавад. Чун кӯдакон бештар ба ҳар ҷойҳо даст мерасонанду ашёҳоро ба даҳон мегиранд, ё ин ки ягон ҳашарот ё ҳайвоноти заҳрнок мегазад ва онҳо бештар ба ин ҳолат дучор мешаванд, яъне аксуламали организм бештар дар пӯсташон пайдо мешавад.

Дар ҳар кӯдак метавонад аллергия ба таври гуногун пайдо шавад. Масалан, дар баданаш хоришак пайдо шавад, сару рӯй ва тамоми баданаш варам кунад, табларза азият диҳад ё нишонаҳои дигар ба вуҷуд оянд. Ҳамаи ин нишонаҳои аксуламали органзим аст, ки дар натиҷаи ин ё он ҳолати зикргардида пайдо мешавад.

Мутаассифона, аксари одамонро вохӯрдан мумкин аст, ки онҳоро аллергияи мавсимӣ азият медиҳад ва ҳатто дар чангу ғубор низ худро нороҳат ҳис карда, атса мезананду оби бинӣ ва чашмонашон ҷорӣ мешавад. Албатта, ин ҳолат шахсро нороҳат месозад ва мехоҳад ҳарчӣ зудтар аз ин раҳо ёбад.

Барои ин, ба духтури алерголог муроҷиат кардан муҳим аст ва доруҳои рафъкунандаи ин бемориро истеъмол намудан муфид мебошад.

Занҳои ҳомиларо низ ин ҳолат нигарон кардааст. Аз рӯи далелҳо ҳар як сеюмин зани ҳомила дучори аллергия мешавад, ки онро тағйрёбии гармонҳо меҳисобанд. Чун давраи ҳомиладорӣ хеле нозук аст, тавсия медиҳем, ки ҳамаи маводди доруро бо тавсияи духтури минтақавӣ мувофиқа карда, баъдан истеъмол намоед.

Якчанд сабабҳои пайдо шудани аллергия вуҷуд дорад, ки яке аз он ирсӣ мебошад. Зиёд шудани бемориҳои аллергикӣ аз таъсири муҳити атроф буда, ғизои носолим, ҳолати ҳаяҷонӣ, аз ҳад зиёд истифода кардани маводди доругӣ шуда метавонад.

Аз ин рӯ кушиш кунед, ки тибқи меъёрҳои қабулшуда ғизои солимро истеъмол намоеду доруҳоро дар асоси таъиноти духтур истифода баред, то ки худу фарзандонатонро аз бемориҳои гуногуни аллергикӣ нигоҳ доред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД