Formula novemver 2024
Аллаи модар рӯҳи кӯдакро навозиш мекунад
1270

Хоби ором ва бароҳати тифл ҳам барои модар ва ҳам барои кӯдак муҳим ва фоидаовар аст. Аз ҳамин хотир ин навбат мо тасмим гирифтем дар бораи чӣ гуна фароҳам овардани шароити беҳтари хоб барои кӯдакон чанд маслиҳати судмандро ба шумо пешниҳод намоем. Итминон дорем, ки аз ин тавсияҳо истифода бурда, ҳам барои худ ва ҳам барои фарзандатон зиндагиро роҳаттар месозед.

Ҳавои хонаи хоби кӯдакро тоза кунед

Ҳуҷрае, ки кӯдак дар он хоб мекунад, бояд ҳавояш ҳар рӯз тоза карда шавад. Барои тоза шудани ҳавои хона чангу ғубори онро бартараф намуда, дару тирезаҳои хонаро чанд дақиқа кушода мондан лозим аст. Ин амалро вақти дар хона будани кӯдак анҷом додан мумкин нест, зеро тифлакон табиатан нозук буда, аз андак чанг ё ҳавои серун зуд шамол мехӯранд ва бемор мешаванд.

Хоб дар оғӯши модар

Кӯдакро дар оғӯши шумо хоб барад, фавран ӯро дар гаҳвора набандед. Тифлакони навзод маъмулан ҳамагӣ 20-30 дақиқа хоб рафта, зуд бедор мешаванд. Вақте ки шумо кӯдаки нав ғанабаш бурдаро ба гаҳвора мебандед, нороҳат шуда, ғаш мекунад. Дар оғӯши гарму нарми модар тифл бароҳаттар хоб меравад.

Алла гуфтанро ёд гиред

Чизи аз ҳама муҳим барои хоби бароҳати тифлакон ин “Алла”-и модар аст. Тамоми модарони дунё ба кӯдаконашон бо лафзу лаҳни гуворои худ алла мехонанд. Модарони тоҷик ҳам табиатан дорои завқи баланди шеърфаҳмӣ ҳастанд. Хондани суруди “Алла”-ро ёд гиред, чунки аллаи модар рӯҳи кӯдакро навозиш намуда, ба тифл эҳсоси дӯстдоштаву азиз буданро медиҳад. Мувофиқи гуфтаи олимон кӯдаконе, ки шаб бо аллаи модар хоб мераванд, хобҳои даҳшатнок намебинанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД