arzon replenishment
Алла Пугачева аз шавҳараш ҷудо мешавад?
12.08.2022
ОИЛА
1131



Муносибатҳои примадоннаи рус Алла Пугачева вақтҳои охир бо шавҳари ҷавонаш шоумен Максин Галкин тамоман вайрон шудаанд.

Наздикони ситора мегӯянд, баъди ба хориҷа рафтани ин оилаи ситораҳо Максим тамоман аз худ рафта, ҳамсарашро заррае ҳам писанд намекунад. Вай бо баҳонаи консерт ва баромад доштанаш ҳафтаҳо ба хона намеояд ва ҳатто занг зада, аз ҳоли Алла ва фарзандонаш пурсон намешавад.

Алла Борисовна ба хотири аз вайроншавӣ наҷот додани оилааш мехоҳад ҳамроҳи шавҳару фарзандонаш ба Русия баргардад, вале Галкин қасдан ҳатто бар ивази гонорари ночиз низ дар консертҳо баромад карданро бар дӯш гирифта, пай дар пай бо ширкатҳои гуногуни консертӣ шартнома мебандад. Барномаи консертии Максим Галкин аллакай то охири сол пур шудааст, вале дар байни шаҳрҳое, ки шоумен бояд баромад кунад, номи шаҳри Маскав тамоман нест.

Сергей Кузнецов, ситорашиноси машҳури рус бар он назар аст, ки ба ҳамааш ситораҳо гунаҳкоранд ва барои Алла Пугачева акнун давраи бисёр душвори зиндагӣ сар шуда, қариб як сол азоб мекашад.

“ Алла Борисовнаро санҷишҳои хеле сахти зиндагӣ дар пешанд. Бепулӣ, таназзули эҷодӣ ва шикасти карера, мушкилоти саломатӣ ва зарбаи сахттарин- хавфи вайрон шудани оилааш ситораи дурахшони эстрадаи русро думболагир хоҳад гашт. Аз вайроншавӣ наҷот додани оила мумкин аст, ба шарте, ки зану шавҳар якҷоя барои дубора ба ҳам наздик шудан ва барқарор шудани муносибатҳояшон талош намоянд, вале ба гумон аст, ки Максим барои аз даст надодани Алла Барисовна ва кӯдаконаш коре кунад”-пешгӯӣ кардааст Сергей Кузнецов, рақамшинос ва ситорашиноси машҳури рус.
Ёдрас мешавем, ки Алла Пугачева ҳанӯз моҳи феврали соли равон ҳамроҳи шавҳар ва фарзандонидугоникаш ба Исроил рафта буд, вале баъдтар ба Европа рафт. Айни замон Алла Борисовна ҳамроҳи кӯдаконаш дар Латвия дар як вилла зиндагӣ мекунад ва ҳар моҳ 6 миллион сум иҷорапулӣ медиҳад. Дар сурати вайрон шудани муносибатҳо ва пош хӯрдани оилааш дар ҳақиқат примадонна метавонад бо мушкилоти ҷиддии пулӣ рӯ ба рӯ гашта, азоб кашад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД