sebiston july new
Алиҷони Айнӣ “Истиқлол”-ро тарк карда, дубора ба Краснодар баргашт
293

Алиҷони Айнӣ аз зумраи ҷавонони муваффақи тоҷик мебошад, ки бо шарофати меҳру муҳаббати зиёд ба варзиш ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.

Алиҷон 6- августи соли 2004 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, аз хурдӣ ба футбол шавқу рағбати беандоза дошт. Фаъолияти варзишиашро аз дастаи “Локоматив-Помир” ҳамчун нимҳимоятгар оғоз кардааст.

Дертар, баъди ҷароҳат бардоштани Искандар Ҷалилов Алиҷонро ба Тими миллии Тоҷикистон даъват намуданд. Вай бозии аввалини худро дар ҳайати тими миллии кишвар 25- марти соли 2021 анҷом дода, дар дақиқаи 85-уми вохӯрӣ бо Муғулистон дар чаҳорчӯби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳони футбол-2022 ба ҷои Парвизҷон Умарбоев баромад.

Зимистони соли 2022 Алиҷони Айнӣ ба дастаи “Регар-Тадаз” гузашта, 2- апрели ҳамон сол дар бозӣ бо дастаи “Равшан” Фирӯз Бобоевро иваз кард. Рӯзи 1-март нимҳимоятгар Алиҷони Айнӣ голи аввалини худро ба дарвозаи “Эсхата” зад.

11- августи соли 2022 Алиҷон бо Краснадар шартномаи чорсола ба имзо расонид, вале 18-феврали соли 2023 ба дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон барои як мавсим ба иҷора омад.

Алиҷони Айнӣ бо задани 2 гол Чемпиони Тоҷикистон-2023 ва Барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2023 гаштааст.
Ду рӯз пеш Алиҷони Айнӣ “Истиқлол”-ро тарк намуда, дубора ба Краснодар баргашт

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД