arzon replenishment
Алиҷони 5-сола чаро ҷавонмарг шуд?
4499


Беаҳамиятии падару модар ва беэҳтиётии калонсолон боиси марги фоҷиавии боз як кӯдаки бегуноҳ гашт. Алиҷон ҳамагӣ 5-сол дошт ва мебоист бо шӯхию бозӣ, қаҳ-қаҳазанон давутоз карда, мисли дигар ҳамсолонаш аз шириниҳои даврони кӯдакӣ лаззат бубарад, аммо волидони ғамкушта ва пайвандони ҷигарсӯхтааш тобути ғарқи хуни ин писараки ормониро бо фиғону нолаҳои зор ба водии хомӯшон гусел карданд....
Ҷисми хурдакаки Алиҷони 5-сола зери чархи мошин монда, дар як мижа задан ба хоку хун ғарқ шуд. Кӯдаки дар хун оғӯштаро дарҳол ба бемористон бурда бошанд ҳам, табибон ҷони кӯчаки ин писараки маъсумро аз панҷаи марг наҷот бахшида натавонистанд. Алиҷон дар бемористон ҷон ба ҷонофарин супурда, орзуҳои кӯдаконаашро бо худ ба зери хоки сард бурд.
Тавре ки Вазорати умури дохилии кишвар хабар медиҳад, ин ҳодисаи нохуш дар ҷамоати деҳоти Меҳнатобод сар зада, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”Фирдавсӣ Қосимови 31-сола ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Вахш ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён аз ӯҳдаи идора кардани нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Алиҷон Ризоевро пахш намудааст. Писарчаи 5-сола бар асари садамаи сархӯр ҷароҳатҳои зиёде бардошта, дар бемористон ба ҳалокат расид.
Таҳқиқот аз рӯйи ин ҳодиса идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД