Коргардони ҷавони тоҷик Алиҷон Ҷалилов филми мустанади худро бо унвони “АЛИФ.ДО.РЕ.МИ” ба кинофестивали байналмиллалии нахустфилмҳо ва филмҳои донишҷӯён «Бастау» пешниҳод намуда, сазовори ҷоиза гашт.
Имсол ба ин фестивали байналмиллалии синамо 60 филм аз 40 кишвари дунё пешниҳод шуда буд, вале Алиҷон Ҷалилов тавонист бо диди хоси коргардониаш ҳакамони сахтгири фестивалро қоил намуда, соҳиби Ҷоизаи таваҷҷӯҳи махсуси ҳакамон гардад.
Алиҷон Ҷалилов писари журналист ва ровии машҳури тоҷик Субҳон Ҷалилов буда, дар филмаш ҳаёти як муаллими мусиқиро ба пардаи синамо кашидааст. Қаҳрамони филм марди 74-солае мебошад, ки умраш ба ҷое расида бошад ҳам, ба таълими мусиқӣ дар мактаб ва боғчаи бачаҳо машғул аст.
Худи қаҳрамон дар ятимхона ба воя расида, ранҷу азобҳои зиёдеро дар зиндагӣ паси сар намудааст. Пайроҳаи ҳаёташ пур аз шебу фароз ва таззоду ҳаводиси хушу нохуш бошад ҳам, дар синни 63 солагӣ бо ӯ ҳодисае рӯй медиҳад, ки зиндагии ояндаашро комилан дигар мекунад. Коргардон бо воситаи ин филм талқин кардан мехоҳад, ки мусиқӣ ва навозиши асбобҳои мусиқӣ барои амалӣ шудани орзӯҳо кумак карда метавонад.