Шавҳарам ману фарзандонамро партофту суроғ накард ва давоми ду сол кумак ҳам накард. Вақте дар толори суд қарор доштем, ӯ гуфт, ки ман ҷое кор намекунам, миқдори алиментро камтар кунед. Лекин ӯ дурӯғ гуфт. Хулоса, 250 сомонӣ алимент барои як фарзанд муқаррар карданд. Барои боло бурдани алимент ҳақ дорам дубора ариза нависам?
З.Д, хонандаи “Оила”.
Барои зиёд намудани алимент қонунгузории оилавӣ чунин принсипро пешбинӣ намудааст, аз рӯи ҳолати қобили таваҷҷуҳи тарафҳо ва даромаднокии ҷонибҳо амалӣ карда мешавад ва бевосита оиди тағйир додани алимент, ки бо сабаби инфлятсия (беқурбшавии пул) боло рафтани молу маҳсулоти хӯрока ва ё ин ки ба таҳсилот фаро гирифтани фарзандон, ки зарурият ба харидории маводҳои хониш, либоси ягонаи мактабӣ пеш меояд, тибқи талаботи моддаи 120 Кодекси Оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон алимент зиёд карда мешавад. Аз ин рӯ, метавонед дар ҳолати ба вуҷуд омадани асосҳои дар боло номбаршуда ба суд муроҷиат намоед.