Sebiston new 2024 october
Алимент чӣ гуна муқаррар мегардад?
770

Барои рӯёнидани алимент аз волидайне, ки кӯдакашро дастгирӣ намекунад, ба кадом мақомот муроҷиат намудан мумкин аст?

Мирзо, шаҳри Бохтар

Ӯҳдадориҳои алиментдиҳии падару модар барои таъминоти фарзандони ноболиғ дар моддаи 80 Кодекси оила пешбинӣ гардидааст. Падару модар вазифадоранд, ки фарзандони ноболиғи худро таъмин намоянд. Тартибу шаклҳои таъминоти фарзандонро падару модар мустақилона муайян менамоянд.

Падару модар ҳуқуқ доранд дар мавриди таъминоти фарзандони ноболиғи худ созишнома дар хусуси пардохти алимент) банданд. Агар падару модар фарзандони худро таъмин накунанд, маблағ барои таъминоти онҳо (алимент) аз падару модар тибқи тартиби муқаррарнамудаи судӣ ситонида мешавад.

Ҳангоми набудани созишномаи падару модар дар мавриди пардохти алимент, ҳангоми таъмин накардани фарзандони ноболиғ ва ҳангоми ба суд пешниҳод накардани даъво мақоми васоят ва парасторӣ ҳақ дорад нисбат ба падару модар (яке аз онҳо) дар хусуси ситонидани алимент барои фарзандони ноболиғ даъво пешниҳод кунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД