Дар шаҳри Машҳади Эрон шаби 10-уми июл маросими дафни раҳбари пешини ин кишвар оятуллоҳ Алии Хоманаӣ баргузор шуд. Ӯро дар оромгоҳи Имом Ризо (а), ки аз муқаддастарин зиёратгоҳҳои мусулмонони шиъа ба ҳисоб меравад, ба хок супориданд.
Ба иттилои расонаҳои эронӣ, бинобар серодам будани роҳҳо, тобути Хоманаӣ бо чархбол ба оромгоҳ интиқол дода шуд. Намози ҷанозаро бар ҷасади ӯ писари калониаш Мустафо Хоманаӣ қироат кард.
Маросими мотам аз 4-уми июл оғоз шуда, дар шаҳрҳои Теҳрон, Қум, Наҷаф ва Карбало низ баргузор гардид. Ба гуфтаи мақомоти Эрон, дар ин маросимҳо даҳҳо миллион нафар иштирок кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки Алии Хоманаӣ дар охири моҳи феврал бар асари ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ва Исроил ба қароргоҳаш дар Теҳрон кушта шуд. Ӯ 86 сол дошт. Пас аз марги ӯ писараш Муҷтабо Хоманаӣ раҳбари нави олии Эрон интихоб гардид.