Алифбек Беромов барномаи байналмилалии ФИФА-ро хатм кард
04.12.2025
Oila.tj
65

Мудири шуъбаи таълимии раёсати техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва мураббии тими миллии кишвар ва дастаи «Барқчӣ» Алифбек Беромов барномаи «FIFA Coach Educators’ Development Pathway – Assessment Practice Programme»-ро, ки дар Ҷакартаи Индонезия баргузор шуд, бо забони англисӣ хатм кард.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, ин барнома қисми ташаббуси ҷаҳонии ФИФА мебошад, ки ба беҳтар кардани сифат ва стандартизатсияи омоданамоии мураббиён дар саросари ҷаҳон нигаронида шудааст.

- Марҳилаи «Assessment Practice» ба рушди салоҳиятҳои асосӣ дар соҳаҳои назорат, таҳлил ва арзёбии объективии кори мураббиён дар шароити воқеии тамринӣ нигаронида шудааст. Хатми бомуваффақияти курс сатҳи баланди касбии Алифбек Беромов ва мутобиқати ӯро ба стандартҳои байналмилалии ФИФА оид ба таълими мураббиён тасдиқ мекунад,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД