Ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар хориҷа вусъат меёбад
42

Ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар мамолики хориҷӣ торафт вусъат меёбад.

35 ҳазору 747 нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар соли 2025 ба таври муташаккилона барои кор ба Федератсияи Русия ва дигар кишварҳои хориҷа сафарбар карда шудаанд, ки нисбат ба соли 2024 ҳудуди 18805 нафар зиёдтар мебошад.

Аз ҷумла, аз ҷониби сохторҳои дахлдори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ин давра 21669 нафар дар хориҷи кишвар бо кор таъмин гаштаанд.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар доданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД