arzon replenishment
Ҷаласа пеш аз оғози чемпионати CAFA-2025 дар Душанбе
220

Дар остонаи оғози чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои духтаронаи то 17-сола дар Душанбе ҷаласа баргузор шуд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар ҷаласа намояндагони CAFA, Федератсияи футболи Тоҷикистон, масъулони мусобиқот ва мудирони тимҳои наврасони Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат доштанд.

Бояд гуфт, ки чемпионати CAFA 2025 байни дастаҳои духтаронаи то 17-сола имрӯз – 4-уми март оғоз мешавад. Мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила сурат мегирад, яъне ҳар як даста себозигӣ анҷом медиҳад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд. Ғолиби мусобиқа ҳамон дастае хоҳад шуд, ки аз ҳама бештар хол ба даст меорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД