1xbet
Ҳалқакулча
23.08.2025
Oila.tj
26

Маҳсулоти лозима:

300 грамм орд, 200 грамм шир, 25 грамм хамиртуруш, 3 тухм, 30 грамм равғани маска, 1,5 қошуқ шакар, каме намак.

Тарзи таҳия:

Ширро каме гарм карда, дар он хамиртурушро об кунед. Шакарро илова карда, муддати 20 дақиқа дар хонаи гарм нигоҳ доред. Дар ин муддат зардиҳои тухмро бо равғани маска лат занеду ба ширу хамиртуруш илова кунед. Ордро андохта, хамири мулоим омода созеду бо сачоқ пӯшонида, як соат нигоҳ доред. Ба рӯи миз орд пошида, хамирро ғафсияш 1 см тунук кунеду аз он давраҳои 5-6 см бурида, дарунашро сурох кунед, то ки ҳалқа тайёр шавад. Баъди 20 дақиқа ҳалқачаҳоро дар равғани тасфон пазед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД