Formula novemver 2024
Ғалабаи шоҳмотбози тоҷик дар Чемпионати Осиё
88

 

 

Аз 10-ум то 18-уми ноябр дар шаҳри Бишкек Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот дар байни одамони имкониятҳояшон маҳдуд баргузор гашт. Шоҳмотбози тоҷик Суҳроб Ҳамдамов дар сабқат ғолиб омада, соҳиби медали тилло гаштааст. Дар ин бора Федератсияи шоҳмот хабар дод. Бино бар иттилоъи манбаъ, дар чемпионат дар маҷмӯъ 79 нафар варзишгарони мушкили шунавоию биноӣ дошта ва маъюб аз кишварҳои Ҳиндустон, Ветнам, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон ширкат доштанд.

Шоҳмотбози тоҷик Сӯҳроб Ҳамдамов дар 5 сабқат ғалаба ба даст оварда, 4 бозии дигарро мусовӣ анҷом дод.

Суҳроб Ҳамдамов дар маҷмӯъ аз 9 бозӣ 7 хол ба даст оварда, соҳиби медали тилло ва унвони “Чемпиони Осиё” гашт. Варзишгари дигари тоҷик Баҳодур Абдуллоев соҳиби медали нуқра гаштааст.

Ёдрас мешавем, ки Сӯҳроб Ҳамдамов устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ ва чемпиони чандинкаратаи Тоҷикистон мебошад.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД