Arzon march 2024
ҒАЛАБАИ ПИСАРБАЧАИ 6-СОЛА БАР САГИ БАДҲАЙБАТИ ГАЗАНДА
2130

Бриджер Уокер ҳанӯз ҳамагӣ 6-сол дорад, аммо аллакай қаҳрамон шуда, шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо намуд. Вазъият чунин сурат гирифт: рӯзе Бриджер бо хоҳараш дар кӯча машғули даву бозӣ буданд, ки ногаҳон кор ноомад карду, аз куҷое саги бадҳайбати газанда ба хоҳараш ҳамла кард.

Дар ин дам ҳисси масъулияти бародарӣ ва меҳри беандоза нисбати хоҳари хурдсол ба Бриджер ғалаба карду ӯ мисли тир худро ба болои хоҳараш партофта, ӯро аз чанголи саг дар паноҳи худ нигоҳ дошт. Саги бераҳму бадҳайбат ба гиряву нолаи кӯдак нигоҳ накарда, якчанд маротиба сари ӯро бо дандонҳои теғи ханҷар барин тез газид. Бриджер пас аз ҷонканиҳои зиёд худ аз чанголи саг раҳо шуду хоҳаракашро аз дастони кӯчакаш гирифта, ҳарду роҳ ҷониби хонаро пеш гирифтанд.

Писарбачаи хурдсол ҳарчанд маҷрӯҳ шуду ҳусни зоҳириаш каме коста шуд бошад ҳам, вале аз он эҳсоси хушбахтӣ менамуд, ки нагузошт то хоҳараш луқмаи он саг гардад. Ӯ қарзи бародарияшро дар ин айёми хурдсолӣ дар назди ҳамхунаш адо намуд.

Лаб, руй ва чашми қисмати чапи кӯдак захмдор гардид. Духтурон сару рӯйи кӯдакро бо 90-кӯк духтанд.
Худи Бриджер ин амали нек ва шоистаи таҳсинашро чунин шарҳ дод: “Дар он лаҳза ман ба чунин хулоса омадам, ки агар аз дуи мо касе бояд мемурд, пас он гоҳ ман мемурдам”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД