Рӯзи 14-уми декабр, соати 19:00 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб бо футболбозони дастаи «Алтин Асир»-и Туркманистон рақобат хоҳад кард.
Бозӣ дар доираи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 доир мегардад.
Ёдрас мешавем, ки чанд рӯз пеш дар шаҳри Ашқободи Туркманистон бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 байни дастаҳои футболи «Равшан»-и Кӯлоб ва «Марв»-и Туркманистон доир гашта, рақобат бо натиҷаи мусовӣ 1:1 анҷом ёфта буд. Аз дастаи футболи «Равшан»-голро дар дақиқаи 43-юм легионери танзаниягӣ Эммануэл Мваненго ва аз дастаи «Марв»-и Туркманистон Якшисахет Довлетгелдиев дар дақиқаи 65-ум заданд.
Пас аз панҷ даври марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб бо се имтиёз дар зинаи охирини гурӯҳи «Е» ҷойгир аст. Дар ин бора “Ховар” дар такя ба Федератсияи Футболи мамлакат хабар додааст.