goodwell
Актрисаи машҳури турк Эҷе Иртемро ба хок супурданд
166

Дирӯз дар Туркия дӯсторони санъати асил бо андуҳи бепоён бо яке аз ситораҳои дурахшони силсилафилми машҳури "Шербати анбарис" Эҷе Иртем худоҳофизӣ намуда, ҷасади ин бонуи ҳунармандро ба хок супурданд.

Тавре расонаҳои маҳаллии Туркия навиштаанд, маросими ҷанозаи Эҷе Иртем дар “Масҷиди Бибихонум”-и шаҳри Қушадасӣ баргузор гашта, пайвандон, дӯстон, ҳамкасбон ва ҳазорон нафар мухлисони ҳунарманд дар маросими видоъ ширкат доштанд. Актриса ҳамагӣ 35-сол дошт.

Эҷе Иртем рӯзи 14-уми июн ҷашни зодрӯзашро дар як тарабхонаи бошукӯҳ, ки дар наздикии манзили истиқоматиаш воқеъ будааст, ҳамроҳи модар ва пайвандонаш бо тантана ҷашн гирифта, тахминан соатҳои 20:30 ба хона баргаштааст. Шахсоне, ки дар ҷашни зодрӯзаш ширкат доштаанд, гуфтаанд, ки Эҷе зоҳиран комилан солим менамуд ва худро хеле хушбахту шодком эҳсос карда, ханда аз лабонаш канда намешуд, вале субҳи рӯзи дигар модараш ба ҳуҷраи хобаш даромада, мебинад, ки аз даҳони духтараш кафкоба рехта истодааст ва беҳушу беёд хобидааст. Зан ба даҳшат афтода, дарҳол ба “Ёрии таъҷилӣ” занг мезанад, вале ҳанӯз табибон нарасида, ин актрисаи машҳур, ки ҳамагӣ 35 сол дошт, дар оғӯши модараш ҷон медиҳад.

Марги Эҷе Иртемро ба сактаи қалб нисбат медиҳанд, вале табибон ҳанӯз расман сабаби марги ин ҳунарманди машҳурро эълон накардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД