Commerce bank may-june 2026
Актрисаи машҳури турк Эдже Иртем аз сактаи дил вафот кард
320

Эдже Иртем - актрисаи овозадори турк, ки дар сериали машҳури “Шарбати қулфинай” нақши Ишилро бозида буд, бар асари сактаи дил аз олам даргузашт.

Тибқи иттилои news.aze, ин ҳунарпешаи маъруф 14-уми июн 35-солагии милодашро ботантана ҷашн гирифта, аз ёру дӯстон ва мухлисони бешумораш табрикоти зиёде гирифтааст ва зоҳиран хеле шоду хушбахт менамуд, вале рӯзи дигар худро бад ҳис карда, тақрибан соатҳои 12-и рӯз ҳолаташ вазнин шудааст. Наздиконаш дарҳол ба “Ёрии таъҷилӣ” занг задаанд. Табибон ба зудӣ расида бошанд ҳам, ҷони актрисаро аз панҷаи марг раҳоӣ бахшида натавонистаанд ва ҳамин тавр, Эдже Иртем дар синни 35-солагӣ бар асари сактаи дил аз олам даргузаштааст.

Эдже Иртем соли 1991 ба дунё омада, дар сериалҳои машҳури туркии “Оила”, “Меваи мамнуъ”, “Ҷаноби хато” ва “Арӯси нав” нақшҳои хеле ҷозиб офаридааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД