Formula novemver 2024
Акнун тоҷикон метавонанд бе виза ба Қатар сафар кунанд
16.02.2024
ОИЛА
462


Давлати Қатар Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳое дохил кардааст, ки шаҳрвандонаш метавонанд бидуни виза ба Қатар сафар намоянд.

Мувофиқи маълумоти сомонаи расмии Агентии туристии кишвари Қатар «Visit Qatar» бо шумули Тоҷикистон шумораи давлатҳое, ки шаҳвардонашон метавонанд ба ин кишвар бидуни виза сафар кунанд ба 102 давлат расидааст. Дар ин бора “Ховар” хабар медиҳад.
Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бе раводид ба Қатар сафар намуда, дар қаламрави ин кишвар то 30 рӯз озодона зиндагӣ кунанд.

Сода кардани реҷаи раводид қисмати муҳими стратегияи рушди туризм дар Қатар ба шумор рафта, ин давлат тасмим дорад, ки то соли 2030 шумораи сайёҳони хориҷиро ба 7 миллион нафар дар як сол бирасонад.

Лозим ба ёдоварист, ки шаҳрвандони давлати Қатар низ метавонанд ба Тоҷикистон бидуни раводид сафар намуда, то 30 рӯз озодона дар ин ҷо зиндагӣ кунанд ва аз тамошои манзараҳои зебои Тоҷикистон лаззат баранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД