Парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе-Хоруғ дубора барқарор шуд ва аввалин парвоз рӯзи 30-юми сентябр доир мешавад.
Гуфта мешавад, ки фурӯши чиптаҳо аз Душанбе ба Хоруғ аз имрӯз, 27-уми сентябр оғоз шуда, нархи он 900 сомонӣ аст. Чиптаҳоро аз нуқтаҳои фурӯши чиптаҳои “Тоҷик Эйр” метавон харид.
Парвоз тавассути ҳавопаймои АН-28, ки имкони ғунҷоиши 17 нафарро дорад, сурат мегирад. Ин ҳавпаймо моли "Тоҷик Эйр" аст ва қаблан ҳам ба Хоруғ парвоз мекард. Он баъди таъмир дубора парвозро оғоз мекунад.
Ҳавопаймо дар як ҳафта се маротиба - рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа парвоз мекунад. Парвоз аз Душанбе соати 8:00 сурат мегирад ва 1 соату 10 дақиқа давом мекунад. Пас аз расидани ҳавопаймо ба Хоруғ соати 10:00 дигарбора ба Душанбе бармегардад. Парвоз аз вазъи ҳаво вобаста аст.
Ёдовар мешавем, ки парвози ҳавоӣ дар роҳи Душанбе ва Хоруғ аз соли 2017 манъ шуда буд. Ҳоло сокинон аз пойтахт то Хоруғ бо мошин дар 14-16 соат мерасанд.