Муштзани тоҷик Акмал Убайдов дар Бозиҳои Осиё-2026 дар риштаи бокс ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардид.
Убайдов дар вазни 60 килограмм ҳунарнамоӣ карда, барои Тоҷикистон медали навбатиро ба даст овард. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар дода, варзишгарро ба муносибати ин дастоварди арзанда табрик гуфтааст.
Ҳамин тавр, Акмал Убайдов ба ҳайати варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои Осиё-2026 соҳиби медал шудаанд, ҳамроҳ гардид.