Arzon march 2024
АХБОРИ ДУРУСТРО ДОИР БА КОВИД – 19 АЗ КУҶО БОЯД ГИРИФТ?
1403

 

Рӯзи 26 июн палатаи болоии мақомоти қонунгузории кишвар тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро қабул кард, ки дар асоси он барои пахши ахбори ғалат дар бораи коронавирус ҷарима таъин шудааст.

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва муовини раиси Маҷлиси миллӣ дар суҳбат ба “Радиои Озодӣ” дар ин маврид гуфт, ки тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ имрӯз қабул шуд.

Ҷазо барои пахши ахбори нодуруст баъди қабул шудан аз сӯи ҳарду палатаи порлумон, акнун танҳо баъди имзои президенти кишвар ва нашр дар расонаҳои иттилоотӣ ба ҳукми амал медарояд.

Қаблан, рӯзи 10 июн палатаи поёнии парлумон тағйиру иловаҳо ба қонунгузории кишварро қабул карда буд, ки дар пояи он барои гаштугузори бе ниқоб, паҳн кардани беморӣ ва ахбори бардурӯғ ҷазо пешбинӣ шудаст.

Дар асоси ин тағйирот ҷарима барои пахши ахбори нодуруст барои шахсони воқеӣ аз 10 то 20 нишондиҳанда ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ шудааст. Бояд гуфт, ки як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 58 сомонӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД