Arzon march 2024
Аҷибтарин духтари ҷаҳон ба мӯйи рӯйи худ одат кардааст
792

 

Вақте ба духтарак гуфтанд, ки ӯ ба китоби рекордҳои Гиннес шомил шудааст, хурсандияш ҳадду канор надошт. Охир, барои навраси 13-сола ин дастоварди бебаҳост.

Худи Супатра умуман як духтари хушбин аст. Ӯ мекӯшад, ки аз мушкили худ ғамгин нашавад. Аммо мушкил дар он аст, ки тамоми чеҳраи духтар бо мӯйҳо пӯшида шудааст. Дар аввал, дар мактаб кӯдакон пайваста ӯро масхара ва хафа мекарданд, аммо баъдан муносибаташон тадриҷан тағйир ёфт.

Дар маҷмуъ, дар ҷаҳон 50 нафар бо ин мушкилӣ зиндагӣ мекардаанд, ки номи он синдроми Амбрас аст. Дар асрҳои миёна зиндагӣ барои одамони ғайриоддӣ бо чеҳраи пурмӯй осон набудааст. Ҳама онҳоро гург меҳисобидаанд.

Хушбахтона, Супатра дар ҷаҳони муосир зиндагӣ мекунад ва муносибат бо ӯ муқаррарӣ аст, ӯ ҳатто издивоҷ кард. Баъзан духтарак барои он ки худро аксу навор бигирад, мӯйи рӯяшро метарошад.

Аҷибтарин духтари ҷаҳон кӯшиш кардааст, ки мушкили мӯйро бо ёрии лазер ҳал кунад, аммо то ҳол ин техника наметавонад мӯйро пурра аз байн барад ва афзоиши онро суст кунад.

Супатра иқрор мешавад, ки кайҳо ба мӯйи рӯйи худ одат кардааст ва кӯшиш мекунад ба он аҳамият надиҳаду аз зиндагӣ лаззат барад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД