Бисёр одамонеро медонам, ки ба зиёрати хонаи Худо рафта, ҳоҷӣ шуда баргаштанд, вале боз арақ менӯшанд, зино мекунанд, ҳаққи мардумро мехӯранд ва ба дигар корҳои нораво даст мезананд.
Оё ҳаҷи чунин афрод қабул мешавад?
Диловар, н. Ҳисор.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Албатта аз осмон хабар намеояд, ки ҳаҷи фалонӣ қабул шуд ё қабул нашуд. Қабул шудан ё нашудани ҳаҷро аз тағйир ёфтани рафтору кирдори инсон фаҳмидан мумкин аст. Зиёрати хонаи Худоро ба ҷо оварда, одам ҳаҷро аз гардани худ соқит менамояд, вале аҷру подошеро, ки аз ҷониби Худованд ваъда шудааст, ба даст овардааст ё не, инаш масъалаи дигар аст. Ҳоҷӣ баъди аз хонаи Худо баргаштан низ аз корҳои ҳаром парҳез накунад, маълум мешавад, ки ҳаҷаш қабул нагаштааст.