arzon replenishment
Агробизнес аз кишоварзӣ чӣ фарқ дорад?
30.03.2022
Оила
714

Агробизнес аз кишоварзӣ чӣ фарқ дорад?
Агробизнес танҳо соҳаи кишоварзӣ набуда, натиҷаи силсилакорҳо аз болои маҳсулоти кишоварзӣ, ки онро занҷираи арзиши иловашуда меноманд (коркард, ба андозаҳо ҷудокунӣ, банду баст ва содироту воридоти маҳсулот),  тавлид мешавад. Яъне, аз ду шохаи мустақил кишоварзӣ ва бизнес - агробизнес ба вуҷуд меояд.
Хосият Комилова, намояндаи Лоиҳаи USAID оид ба беҳтар намудани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон, дар тренинги имрӯза, ки бо иштироки намояндагони ВАО баргузор гашт, якчанд нуқтаҳои муҳимро қайд кард.
Ба гуфтаи ӯ, тараққӣ додани соҳаи агробизнес дар кишвар аҳамияти муҳим дошта, барои баланд бардоштани сатҳи иқтисодии аҳолӣ ва такмил додани рақобатпазирии соҳаи мазкур дар бахши истеҳсол ва коркарди маҳсулоти ширӣ ва соҳаи боғдорӣ  мусоидат мекунад.
Аз аввали Лоиҳа то имрӯз панҷоҳ намуди маҳсулоти нав дар 13 ноҳияи вилояти Хатлон тавлид шуда, роҳ ба бозорҳои хориҷа ёфта истодаанд.
"Маҳсулоти Тоҷикистон аз ҷиҳати сифат ниҳоят баланд буда, бояд дар бозорҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ шаванд.64FD891C-5E06-42B5-ABB7-B98721054D7C

. Масалан ҷаноби Акаки  Бокерия, мутахассиси байналхалқӣ оид ба технологияи шир ҳангоми тадқиқоти сифати шир лар вилояти Хатлон онро ҳамчун беҳтарин шир арзёбӣ карда буд, чӣ аз рӯи сифат ва чӣ аз рӯи талаботи  экологӣ. 
B27979E5-C2B2-48AE-90C9-7C3B25130522
ъ.Пас чаро мо чунин шири хуб дошта, маҳсулоти ширии дигар кишварҳоро ворид кунем? Вақти он расидааст, ки маҳсулоти моро дигарон бичашанд ва аз онҳо баҳра баранд" - гуфт Хосият Комилова. 

B34BA6F0-6C6C-40E5-854E-01A0CC1C4CDA

Лоиҳаи мазкур давоми панҷ сол бо буҷаи 18, 6 миллион долари Амрикоӣ, мутахассисонро дар ин соҳа омода намуда, соҳибкоронро бо техникаву дастгоҳҳои зарурӣ таъмин карда истодааст.

Мавриди зикр аст, ки солҳои 2022 - 2026 аз тарафи сарвари кишвар Солҳои рушди саноат эълон шудааст, ки он ҳам барои дастгирии ин соҳаи муҳим мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД