Агентии Тоҷикстандарт: Аз NAN истифода набаред!
09.01.2026
Oila.tj
155

Агентии Тоҷикстандарт бо нашри рӯйхате аз шаҳрвандон дархост намуд, ки аз партияи маҳсулоти дар он будаи ширкати "Нестле" бо тамғаи NAN истифода набаранд ва онҳое, ки аллакай харидорӣ кардаанд, бозпас гардонанд.

Зикр мегардад, ки бинобар номутобиқатии маҳсулоти мазкур ба ҳуҷҷатҳои меъёрӣ аз ҷониби Агентии Тоҷикстандарт ва дархости ширкати воридоткунанда фурӯш ва истеъмоли партияи маҳсулоти зикршуда фавран қатъ карда шуда, аз муомилот гирифта мешавад.

- Дар робита ба ин масъала кормандони Нозироти савдои Агентӣ бо намояндагони ширкати воридоткунандаи маҳсулоти мазкур корбариро оғоз намудаанд, ки аз натиҷааш дар рӯзҳои наздик гузориш хоҳем дод,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД